Ба гузориши хабаргузории АБНА, Мухтор Ал-Мусавӣ, намояндаи парлумони Ироқ таъкид кард, ки набарди ин кишвар бо гурӯҳакҳои зеризаминии ДОИШ ба поён нарасидааст.
Вай афзуд: "Соли 2025 шоҳиди беҳтарин суботи амниятӣ дар Ироқ дар муқоиса бо солҳои гузашта ҳастем, аммо ин ба маънии поёни набард бо терроризм нест."
Ал-Мусавӣ тасриҳ кард: "Гурӯҳакҳои зеризаминӣ вобаста ба ДОИШ нақшаҳои кишварҳои дигарро дар дохили Ироқ иҷро мекунанд. Нерӯҳои амниятӣ муваффақ шуданд, ки тайи соли ҷорӣ 10 гурӯҳак аз хатарноктарин гурӯҳакҳои ДОИШ-ро муталошӣ карда ва саркардагони онҳоро ба ҳалокат расонанд."
Вай баён кард: "Бояд ба таъмини амнияти марзҳо, ба вижа марзҳои муштарак бо Сурия аҳмият бидиҳем, зеро ба ин васила монеъи нуфузи террористҳо ба умқи Ироқ мешавем."
Your Comment